Дар моҳи март чанд рӯз истироҳат дорем?
Душанбе, 03.03.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Мувофиқи маълумоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ба моҳи март бо назардошти рӯзҳои шанбею якшанбе ва рӯзҳои ид 15 рӯзи истироҳат рост меояд.
«Мувофиқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» агар рӯзи ид ба рӯзи истироҳат рост ояд, дар ин маврид он ба рӯзи наздиктарини корӣ гузаронида мешавад», — қайд намуд манбаъ. Имсол Рӯзи модар — 8 март, ба рӯзи шанбе рост омада, бинобар ин рӯзи душанбеи 10 март рӯзи истироҳат дониста мешавад. Ғайр аз ин 21, 22, 23, 24 март ба муносибати иди Наврӯз рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд. Азбаски 22 ва 23 март ба рӯзҳои шанбею якшанбе рост меоянд, 25 ва 26 март ҳам рӯзҳои истироҳат маҳсуб меёбанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






