Дар соҳили дарё маводи мухаддир дарёфт шуд
Душанбе, 22.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони милитсия ду далели ғайриқонунии маводи мухаддиро ошкор намуданд.Тавре, ки аз маркази матбуоти ВКД хабар медиҳанд, аз ҷониби кормандони ВКД дар ҳудуди деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим, дар лаби дарёи Панҷ, як халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 18 кг 955 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд. Барои муайян кардани соҳиби маводи мазкур чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.Ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар дидбонгоҳи деҳаи Бӯстони ноҳияи Файзобод, шаҳрванд Бахтовар Халилов, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рудакӣ бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи варзишиаш 718 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






