Дарёфти милтиқи “карабин”
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар ҳафтаи охирини моҳи март кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ як силсила амалиёти бобарорро оид ба боздошти шахсоне, ки ба фурӯши маводи нашъаовар машғул буданд, анҷом доданд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар, героин, ҳашиш, инчунин силоҳ мусодира гардид.
Зимни тафтиши фаврӣ ва амалиёти ба нақша гирифташуда кормандони фаврии Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди ноҳияи Ҷомӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа 5 нафар шаҳрванди кишварро боздошт намуданд.
Ба ғайр аз ин дар шаҳри Душанбе боз як нашъаҷаллоб дастгир гардид, ки қаблан барои ҷинояти ба ин монанд суд шуда буд. Аз ӯ маводи нашъаовари ҳашиш мусодира шуд.
Зимни амалиёте, ки кормандони шуъбаи раёсати агентӣ дар ВМКБ дар қаламрави ноҳияи Мурғоб гузарониданд, дар як пинҳонгоҳ милтиқи тамғаи “карабин” ошкор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






