Дастаи мунтахаби ҶТ 11 сатр поин фаромад

Март 14, 2014 12:00

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои  миллӣ (ФИФА) ҷадвали  нави  мақоми   дастаҳои  мунтахаби   миллиро   дарҷ  намуд,  ки дар  он дастаи  мунтахаби  кишвар  бо 237 хол  11 сатр поин  фаромада ва ҳоло мақоми  121 – умро касб  намудааст.
 
Дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон дар байни  46 дастаи  Конфедератсияи  футболи  Осиё низ 11 сатрро  аз  даст  дода,  акнун  мавқеи  16- умро ишғол менамояд. Дастаи  мунтахаби  Испаниё  дар  ҷойи  аввал  қарор  дорад. Ҷойҳои  дуюм ва  сеюм  насиби  дастаҳои  мунтахаби  Олмон ва  Аргентина  гардидаанд.
 

Март 14, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш