Дасти дуои модар
Душанбе, 7.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Шурӯъ аз соли 2009 дар қаламрави кишварамон Рӯзи 8 март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мешавад. Ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Зан-Модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст. Ҳамасола дар ин рӯз дар тамоми муассисаҳо ва кохҳои фарҳангии кишвар бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Вобаста ба ин имрӯз дар Кохи Ҷомӣ таҳти унвони «Дасти дуои модар» чорабинии фарҳангӣ доир мегардад. Чорабинии мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мешавад. Дар он занони фаъоли вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Дар назар аст, ки дар ин чорабинӣ барои болидагии хотири занон консерти идона намоиш дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






