Дил ба даст овар, ки ҳаҷи акбар аст
Душанбе, 26.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз шахсони саховатпеша бо ҳиммати ҷавонмардии худ ба он нафароне, ки ба кӯмаку дастгириҳо ниёз доранд, дасти хайр дароз менамоянд. Чорабинии фараҳбахше, ки дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт баргузор гардид, ташаббускори он роҳбарияти ВКД буд. Афрӯхтани гулхани Наврӯзӣ, асптозию хиромидани кабкҳо, оро додани хони наврӯзӣ аз шукуҳи шаҳомати ин ҷашни таърихӣ гувоҳӣ медод.Бо пайравӣ аз сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат роҳбарияти ВКД ва РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт барои 20-нафар тифл сару либос, пойафзолу тӯҳфаҳои идона харидорӣ намуда, дастархони Наврӯзӣ барои онҳо ороста карданд.Чорабинии мазкурро сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Рустам Шафиев оғоз бахшида, аз номи роҳбарияти ВКД ҳозиринро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрик намуда, баргузории чунин чорабиниҳои хурсандибахшро аз сулҳу осоиштагии диёр ва истиқлолияти комили давлатӣ арзёбӣ кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






