Дипломи тахассусӣ ба довталабон
Ҳамадонӣ, 24.03.2014.(АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба иттилои директори литсейи кабию техникии № 17- и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Хушқадам Одинаев дар литсей 226 нафар довталаб ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 28 нафарашро духтар аст. Ба гуфтаи ӯ довталабон аз рӯи касбҳои дӯзандагӣ, омӯзиши кор бо компютер, устои барқ, кафшергари барқӣ, тракторчӣ-мошинисти кишоварзӣ ва дигар касбҳои лозимӣ омӯзонида шуда, соҳиби дипломҳои тахассусӣ мегарданд. Довталабон аз ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон, Даштиҷуми Шӯрообод ва дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар литсей касб омӯхта, дар айни ҳол бо ҷои хоб ва хӯрок таъмин мебошанд. Ҳамзамон литсейи мазкур дорои техника ва лавозимоти таълимӣ мебошад. Инчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба литсей 53 гектар замини обӣ ҷудо шудааст, ки дар дар он маҳсулотҳои кишоварзӣ кишт мешаванд. Соли гузашта 561 нафар литсейро хатм намуда, ба корҳои гуногуни ҷамъиятӣ сафарбар гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






