Дуздҳо дастгир шуданд
Душанбе, 31.03 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони милитсия 3 нафар сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб шаҳрванд Файзигул Сафарова, соли таваллудаш 1965, сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 23 марти соли ҷорӣ шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1 адад камераи наворбардорӣ, 1 адад мошини дарздӯзӣ, 2 адад ангуштарини тиллоӣ ва 1 адад балони газро, ки арзиши умумиашон 2700 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ҳодисаи дуздии мазкур шаҳрвандон Меҳроҷ Салимов, соли таваллудаш 1994, Авзалшоҳи Намозалӣ ва Ҷаҳонгир Темуров, соли таваллудашон 1996, сокинони шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






