Дуздони ноболиғ
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Сино сокини шаҳри Душанбе Сафаралӣ Ҳикматуллоев муроҷиат намудааст, ки шаби 19-уми феврали соли ҷорӣ шахсони номаълум қулфи дарро шикаста ба таҳхонааш даромада, аз он ҷо анҷомҳои рӯзғорашро ба маблағи умумии 2600 сомонӣ дуздидаанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони даст доштан дар дуздӣ ноболиғон Хайрандеш Давлатов, Ҳотамҷон Олимов, Сиёвуши Боймурод, хонандагони синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумиро дастгир намуданд. Дар айни замон санҷиши ҳолати мазкур идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






