Э. Раҳмон: “Дар ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ саҳмгузор бошед”
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).- “Бо гузашти бисту се соли истиқлолият, мо бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки бо вуҷуди он ҳама мушкилот Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо тамоми рукнҳои демократии давлатдорӣ ташаккул ёфт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид”.-таъкид кард зимни суханронӣ бо зиёиён имрӯз, 20 март Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон.
Бешубҳа, ин бузургтарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик дар тӯли асрҳо ва неъмати бебаҳо барои наслҳои ояндаи халқи мост, ки ҷовидона соҳиби давлати миллии хеш хоҳанд буд.
Ҳамзамон бо ин, дар назар бояд дошт, ки инсоният имрӯз дар шароити таҳаввулоти пуршиддату пуртазод қарор дорад.
Яке аз падидаҳои дунёи муосир раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, ки бо вуҷуди паҳлуҳои муфиду мусбати он дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти башарият барои иқтисоду фарҳанг ва ҳастии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд таъсири ҷиддии манфӣ низ дорад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, худогоҳиву худшиносии миллиро, ки асли он арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан — модар, забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад, густариш бахшем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем. Зеро танҳо шахси ватандӯсту ватанпараст, аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар, худогоҳу худшинос ва дорои ифтихори баланди миллӣ метавонад, ки дар ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннату ойинҳои неки миллӣ саҳми фаъол гузорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






