Фаъол шудани бахши арабӣ ва шакли мобилии сомонаи Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — www.president.tj дорои бахши арабӣ ва шакли мобилӣ гардид.Бо фаъол гардидани бахши арабӣ сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — president.tj чорзабона шуд. Кунун хабарҳо ва маводи иттилоотию таҳлилӣ доир ба фаъолияти ҳамарӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи расмии president.tj бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ пешкаш мегардад.Ҳамчунин шакли мобилии сомона фаъол гардид, ки барои ворид шудан аз телефонҳои ҳамроҳ ва планшетҳо басо мувофиқу осон аст.Хотиррасон бояд намуд, ки бори аввал сомонаи president.tj моҳи октябри соли 2005 фаъол гардида буд. Дар ин миён сомона борҳо қисман мукаммалу навсозӣ шуда, моҳи августи соли 2012 бо назардошти дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифт.Ҳамчунин ёдовар бояд шуд, ки сомонаи president.tj аз бахшҳои асосӣ, вохӯриҳо, суханрониҳо, сафарҳои дохилӣ, сафарҳои хориҷӣ, фармонҳо, паёмҳо, барқияҳо, суҳбатҳои телефонӣ, аксҳо, нома ба Президент ва ғайра иборат аст.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






