Форуми экологӣ ба ифтихори Наврӯз
Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 18 март дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии экологони наврас бахшида ба ҷашни Наврўзи Аҷам гузаронида шуд.
Мақсади баргузории Форуми ҷумҳуриявии экологони наврас аз
ҷалби мактаббачагон ба корҳои амалӣ, тадқиқотӣ ва муҳофизати табиат, мубодилаи таҷрибаҳои корҳои экологӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии наврасон оид ба фанҳои табиатшиносӣ, фаъол гардонидани кори маҳфилҳо ва дигар иттиҳодияҳои кўдаконаи экологӣ дар самти омўзиши табиати диёри азиз, бунёдкорӣ ва ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии хеш; ташаккули тарбия ва маърифати экологӣ иборат буд.
Иштирокчиёни форум хонандагони синфҳои 7-11-и мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, аъзои маҳфил, клуб, дастаҳои сайёҳию кишваршиносӣ, табиатдўстони ҷавон ва дигар иттиҳодияҳои экологӣ буданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






