Иқдоми «Наврӯз» аз «Агроинвестбонк»

Март 31, 2014 15:37

Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи  «Агроинвестбонк» иқдоми «Наврӯз»-ро пешкаши мизоҷон менамояд. Танҳо аз 21 март то 21 апрели соли ҷорӣ шаҳрвандон  метавонанд ба дилхоҳ сохтори амалиётии ҶСК «Агроинвестбонк» муроҷиат намуда, қарзҳои тиҷоратиро бо фоизҳои паст дастрас намоянд. 
Тавре ки аз «Агроинвестбонк» хабар доданд, маблағи қарз аз 500 то 25 000 сомонӣ  буда, меъёри фоиз  25% солонаро ташкил медиҳад. 
Мизоҷон метавонанд қарзро  то 18 моҳ баргардонанд.
Иқдоми «Наврӯз» дар ҳамаи воҳидҳои амалиётии ҶСК «Агроинвестбонк», ки хизматрасонии қарзгузориро ба мизоҷон пешниҳод менамоянд, гузаронида мешавад.
 
 

Март 31, 2014 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш