Ифтихорномаи АИТ ба дониҷӯёни ДМТ
Душанбе, 15.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз, даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯён барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон» дар Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон эълон гардиданд.
Тавре ки дар ин бора аз АИҶТ хабар доданд, дар ин олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки наздик ба 200 нафар донишҷӯ аз донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар иштирок доштанд, ба беш аз 30 нафар имкон даст дод, ки соҳиби «Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон» шаванд ва аз миёни онҳо 10 нафар соҳиби ҷойи аввал гардид.
Гуфта мешавад, дар озмуни мазкур, ки ба «20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон» бахшида шудааст, аз рӯй бартарӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми аввалро касб карданд ва ба ифтихорномаи АИҶТ сарфароз гаштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






