Ифтитоҳи беморхонаи нав дар ноҳияи Данғара

Март 22, 2014 10:29

Душанбе, 22.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре зикр гардид, сохтмони ин беморхона соли 2006 оғоз гардида, барои бунёду таҷҳизонидани он қариб 100 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.Беморхона дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад.Дар ин муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайё карда шудааст.Ин беморхонаи муосир, ҳамчунин мошинҳои муҷаҳҳази ёрии таъҷилии тиббӣ ва нуқтаи истеҳсоли оксиген дорад.Дар ин ҷо, инчунин тавассути шабакаи ягонаи электронӣ ва барномаҳои махсуси компютерӣ бақайдгирии электронии нишондоди беморон ва хулосаҳои ташхису машварати табибон ба роҳ монда шудааст.Дар беморхона дастгоҳҳои тибби фосилавӣ низ васл гардидааст, ки тавассути он кормандон бо олимону мутахассисони соҳибтаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ба таври мустақим машварат менамоянд.Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ин беморхона, ки навтарин дар ин соҳа мебошанд, аз Сименс ва Дрейгер барин ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дастрас гардидаанд.Дар ин беморхона 240 корманди соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин мешаванд.Барои кор бо таҷҳизоти муосири тиббӣ 45 мутахассиси ин беморхона дар курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои дохил ва хориҷи кишвар бозомӯзӣ шудаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми мутахассисони дар ин ва дигар муассисаҳои тиббӣ, ки бо чунин таҷҳизоти мураккаби муосир таъмин гардидаанд, ҳатман бозомӯзӣ кунанд.Ин беморхона, ҳамчунин дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва генераторҳо барои таъмини мустақилонаи нерӯи барқ дар ҳолати қатъ гардидани интиқоли он аз берун мебошад.Бо назардошти имконоти мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар заминаи ин беморхона кафедраҳо барои таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои тиб ва бозомӯзии кормандони соҳа таъсис намоянд.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 22, 2014 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд