Ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар деҳаи Ҳусейншайхи Данғара
Душанбе, 22.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ва такон додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф овард.Боздиди корӣ аз деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати деҳоти Корез бо ифтитоҳи расмии мактаби нави таҳсилоти умумӣ оғоз ёфт.Мардуми деҳа ва хусусан омӯзгорону хонандагон аз мавриди истифода қарор гирифтани мактаби нави замонавӣ басо хушҳол шуданд, зеро то ин вақт дар ин ҷо танҳо мактаби нӯҳсола мавҷуд буд ва хонандагони синфҳои болоӣ ба мактаби умумии деҳаи ҳамсоя мерафтанд.Тавре зикр гардид, бунёди ин мактаб соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ барои 1280 хонанда дар ду баст бунёд шудааст ва дорои 22 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои маъмурӣ, майдони варзишӣ ва устохонаҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир мебошад.Майдони варзишии ин мактаб, ки аз се қисмат иборат буда, барои бозиҳои футбол, волейболу баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шудааст, басо зебою матлуб мебошад.Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми деҳаи Ҳусейншайхро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, мактаби навро туҳфаи пурарзиши наврӯзӣ номид ва хонандагони онро ба таҳсили хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят намуд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






