Интихоби туҳфа аз «Тоҷикистон 2014»

Март 4, 2014 12:02

 
Душанбе, 4.03.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). Имрӯз дар Кохи «Борбад» намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии туҳфаҳо  ва туризм -«Тоҷикистон 2014» оғоз гардид. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон- ширкати «Роҳи рушди Осиё» ва кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ  мусоидат намудан ба рушди тиҷоратию иқтисодии доираҳои   соҳибкории Эрону Тоҷикистон, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва ёфтани шарикони ҳамкор мебошад.
Дар намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид гуфт: «Намоишгоҳи имрӯза ба Рӯзи Модар бахшида шудааст. Мо ният кардем, ки дар намоишгоҳи имрӯза ҳарчи бештар ширкатҳое иштирок кунанд, ки маҳсулоташонро ҳамчун туҳфа барои модарону хоҳарон ва бонувони тоҷик пешкаш менамоянд.  Итминон дорем, ки намоишгоҳи имрӯза барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии кишвари мо бо кишвари дӯсту бародари Эрон такони наву тоза бахшида, ба афзоиши гардиши молу маҳсулот ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад намуд».
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур то 8 март идома меёбад. 

 

Март 4, 2014 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд