Иштироки Қ. Расулзода дар базми наврўзии тарбиятгирандагони Ёвон

Март 20, 2014 10:07

Душанбе, 20.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз дар рўзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон ба хонаи пиронсолону маъюбон ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат рафта, дар базми наврўзии бошандагон ва тарбиятгирандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ иштирок кард. Қоҳир Расулзода зимни боздид аз хонаи пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо шароити зист ва табобати бошандагони он аз наздик шинос шуда, ба ҳар нафари онҳо кўмакҳои идона, аз қабили либосу ширинӣ расонд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар айни замон дар ин муассиса 120 нафар пирони барҷомонда ва 40 нафар кўдакони имконоти ҷисмонияшон маҳдуд ба нигоҳубин ва табобат фаро гирифта шуда, дар шароити хуб ва мусоид зиндагӣ доранд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зист ва табобатии ин муассиса, аз ҷумла таъминоти доимии барқу гармӣ ва аз таъмири асосӣ баровардани ошёнаи чоруми бинои муассиса ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар базмгоҳи идонаи наврўзӣ бошандагони хона интернатро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иди баҳору ҷашни Наврўзи байналмилалӣ табрику шодбош гуфта, таъкид дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи табақаи эҳтиёҷманди аҳолии мамлакат аз кўмаку парасториҳои бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсони саховатпеша бархурдор хоҳанд буд. Дар ин рўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамзамон ба 210 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат дар ноҳияи Ёвон ҳамчун кумак либоси баҳорӣ тақдим намуда, ҳамаи тарбиятгирандагони ин даргоҳи таълимиро аз номи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ шодбош гуфт. Хотиррасон бояд шуд, ки зимни боздиди Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мактаб-интернати мазкур дар рўзҳои анҷоми соли 2013 масъулони дахлдор вазифадор гардида буданд, ки барои беҳдошти шароити таълиму тарбия ва истироҳати тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои онҳо толори варзишии замонавӣ ва маҷлисгоҳ ба истифода дода шавад. Ин тадбири муҳим аз ҷониби шахсони саховатманди ноҳияи Ёвон дастгирӣ ёфта, дирӯз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ барои тарбиятгирандагони мактаб- интернат оғоз гардид. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар идомаи сафар ба ноҳияи Ёвон бо вазъи корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонии кӯпруки мошингузари сойи Ёвонсў, ки аз фасли баҳори соли 2013 бар асари селу обхезиҳои зиёд пурра хароб гардидааст, шинос шуд. Қоҳир Расулзода барои мутобиқ сохтани маҳали пули хароб гардида ба сохтмони кўпруки нав, аз ҷумла таҳияи харҷнома ва лоиҳаи корҳои тоза намудани маҷрои обу соҳилмустаҳкамкунӣ, ҷалби аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба корҳои сохтмонию барқарорсозии ин иншооти муҳими хоҷагии халқи ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Бояд таъкид кард, ки ин кўпрук 52 метр дарозӣ ва 18 метр паҳноӣ дошта, дар назди яке аз марказҳои асосии савдои ноҳияи Ёвон ҷойгир мебошад.

Март 20, 2014 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад