Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯзи ҷаҳонӣ ва мулоқотҳои сеҷонибаю чорҷониба
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар се чорабинии муҳими байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ мекунад.Инҳо тантанаҳои марказии бахшида ба ҷашни 5уми Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон мебошанд.Мавзӯъҳои асосии ҳамоишҳои сеҷониба ва чаҳорҷонибаи роҳбарони кишварҳои мазкур баррасӣ ва тасмимгириҳои муштарак доир ба таҳкими амну субот дар минтақа ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои нафту газ ва дигар масоили мубрами рӯз мебошанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






