Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул
Душанбе, 27.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Се корхонаи ресандагии Тоҷикистон «Спитамен Текстайлз», «Тента-Кӯлоб» ва «Файзи Истиқлол-2011» дар 11-умин Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул, ки аз 26 то 29 марти соли равон дар Туркия доир мегардад, кишварамонро намояндагӣ мекунанд. Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Туркия бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи «Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат» дар Тоҷикистон сурат мегирад. 11-умин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул ҳамроҳ бо намоишгоҳи 31-умини таҷҳизоти нассоҷиву дӯзандагӣ ва маҳсулоти кимиёӣ баргузор мегардад. Наргиза Абдумаҷидова аз МТБ дар Тоҷикистон, ки ҳайати кишварамонро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунад, гуфт: “Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ, махсусан ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва дигар кишварҳо намоиш диҳанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз дастрасӣ ба бозорҳои нав дар Туркия, ки саввумин кишвари истеҳсолкунанда мебошад, манфиати зиёд хоҳанд ёфт”. Ин намоишгоҳ имконияти дарёфти ҳамкорон ва муштариёни нав дар бозори байналмилалиро барои корхонаҳои ресандагии Тоҷикистон бештар мегардонад. Ин намоишгоҳ мизбони беш аз 40 000 боздидкунанда аз тақрибан 70 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 200 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худ, ба мисли нахи пахта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъ, маҳсулоти нассоҷӣ, либосворӣ, ришта ва ғайраро ба маърази намоиш хоҳанд гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






