Истифода аз рӯзҳои офтобӣ
Кӯлоб, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат ба шумор меравад ва баҳри амалӣ намудани ин барнома масъулини соҳаи кишоварзӣ ва хусусан роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои ба даст овардани ҳосили бештари махсулоти кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи обу замин усулҳои самарабахшро роҳандозӣ намоянд. Кооперативи истеҳсолии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ хоҷагии калонтарини ноҳияи Кӯлоб ба шумор меравад ва сеяки маҳсулоти кишоварзиро дар ноҳия маҳз ҳамин хоҷагӣ истеҳсол менамояд. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва зимистони сарди имсола хоҷагидорон кишти картошкаро то рӯзҳои гарми офтобӣ мавқуф гузоштанд.
Шурӯъ аз рӯзҳои нахустини офтобӣ аъзои хоҷагӣ ба кишти картошка оғоз намуданд. Тавре ки Абдуҷаббор Зардиев, роҳбари кооперативи мазкур иброз дошт, соли гузашта дар кишвар беш аз 1 миллион тонна картошка истеҳсол гардид, ки вуруди онро аз хориҷи кишвар кам карда, болоравии нархи ин маҳсулотро пешгирӣ намуд. Имсол дар кооперативи истеҳсолӣ майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта бештар ва тухмии хушсифат барои гирифтани ҳосили фаровон интихоб гардид. Кишоварзон дар кишти картошка қоидаҳои агротехникиро пурра риоя намуда, мақсад доранд то 10 март ин маъракаро ба охир расонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






