Кӯмак ба эҳтиёҷмандон -суннати Наврӯзист
Душанбе, 21.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнвораҳо аз ҷониби шахсони саховатпеша ва корхонаю идораҳо расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон ба як анъанаи нек табдил ёфтааст.Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба Кӯдакистони касалиҳои чашми №42-и ноҳияи Сино, тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1 ва Мактаб-интернати махсуси №1-и шаҳри Душанбе маҳсулоти зиёди хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка, пиёз, макарон, қанд ва дигар анвои хӯрокӣ дастрас шуд.Бояд гуфт, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ пайваста, ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, аз ҷараёни таълиму тарбияи онҳо воқиф мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






