Конфронс оид ба маводи мухаддир дар Руминия

Март 12, 2014 14:37

Душанбе, 11.03. 2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо ташаббуси Департаменти назорати маводи нашъаовари ИМА  дар шаҳри Сибиуи Руминия конфронси байналмиллалӣ барои кишварҳои Ховари Миёна доир шуд.
Тавре ки сомонаи расмии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар медиҳад, мақсад аз гузаронидани конфронси мазкур-ин ташкили ҳамкориҳо байни идораҳои зиддимухаддиротӣ дар самти мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии нашъаҷаллобӣ буд.
Дар кори конфронс намояндагони ИМА, Арабистони Саудӣ, Албания, Аморати Араб, Болгария, Баҳрайн, Озарбойҷон, Туркия, Тоҷикистон, Гурҷистон, Руминия, Молдова, Македония, Юнон, Қатар, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Русия, Ҳиндустон, Исроил, Кипр ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки аз Тоҷикистон дар кори намояндагони давлатҳои “Хатсайри шимол” сардори Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд полковник Ҳ. Маҳмудов иштирок намуд.
 
 

Март 12, 2014 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд