Кордзанӣ аз ҷониби ноболиғ
Душанбе, 11. 03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони милитсия, муайян карда шуд, ки ноболиғ Некрӯз Каримов, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Шаҳринав бо шаҳрванд Ҳасан Обидов, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Шаҳринав мунозира намуда, ба бадани Ҳ. Обидов бо корд задааст, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






