Кумак ба муҳоҷири меҳнатӣ
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон — сокини ноҳияи Варзоб Ҳикматулло Шарифов ва сокини деҳаи Лолагии ноҳияи Ҳисор Муҳаммадҷон Иззатов бо хатсайри Екатеринбург — Душанбе ба ватан фиристода шуданд.
Тавре ки аз маркази матбуоти намояндагӣ хабар доданд, Муҳаммадҷон Иззатов зимни аризааш изҳор дошта буд, ки ба шаҳрванд Ҳикматулло Шарифов бинобар бемор буданаш ва барои хариди чиптаи ҳавопаймо маблағ надоштанаш дасти ёрӣ дароз карда шавад.
Баъди маълум шудани вазъияти зикршуда тасмим гирифта шуд,ки муҳоҷири меҳнатӣ Ҳикматулло Шарифов бо мушоидати Муҳаммадҷон Иззатов ба Ватан фиристода шавад. Соҳибкори тоҷик Ривоҷиддин Маҳмадов барои хариди чиптаи ҳавопаймо ёрии молиявӣ расонидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






