Кумаки наврӯзии “Амонатбонк”

Март 19, 2014 14:53

Душанбе, 19.03.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирӯз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилали Наврӯз ба мактаб- интернати №1-и ноҳияи Рӯдакӣ кумаки хайриявӣ расонд.
Тавре ки дар ин бора аз БДА ҶТ “Амонатбонк” хабар доданд, кумаки мазкур аз ҷониби бонк 29 ҳазор сомониро дар бар гирифта, ҳамчунин барои ятимону бепарасторони мактаб-интернати мазкур дастархони идона ороста шуд.
Ёдрас мешавем, ки БДА ҶТ “Амонатбонк” аз моҳи августи соли 2007 сарпарастии ин мактаб-парваришгоҳро ба уҳда гирифта, вобаста ба дархости роҳбарияти ин муассиса кумакҳои гуногуни молиявию иҷтимоии худро дастараси тарбиятгирандагони ин даргоҳ менамояд.
 
 

Март 19, 2014 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд