Кумитаи забон ва истилоҳот ҳарфи «ӣ»-ро меомӯзад
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 13 марти соли ҷорӣ зимни мулоқот бо доираи васеи донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода таъкид дошт, ки ба ғалатгӯию ғалатнависӣ бояд хотима диҳем. Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар ин вохӯрӣ, ки дар чаҳорчӯбаи Барномаи «Арҷгузорӣ ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» баргузор гардид, мавсуф изҳор дошт, ки барои саҳеҳ ва беғалат нигоштани ҷамла ҳамагон бояд дар заминаи ду санади муҳим-қонуни мазкур ва китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» андешаамонро баён намоем.
Дар идомаи сухан Г.Шарофзода аз махлутшавии забон бо забонҳои бегона изҳори нигаронӣ намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки баҳри покизагӣ ва беолоишии забони модариашон саъю талош кунанд. Ба изҳори ӯ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста тоза нигаҳ доштани забонро таъкид намуда, ҳамзамон, аз ҷавонон тақозо менамояд, ки забонҳои хориҷиро омӯзанд.
Раиси кумита, инчунин, зикр кард, ки дар Донишгоҳи омӯзгорӣ бояд маҳфиле бо номи «Посдорон ва дӯстдорони забон» таъсис диҳем. Аъзои ин гурӯҳро мебояд, ки ба таври ҳамешагӣ миёни муҳассилин оид ба покизагии забони тоҷикӣ фаъолияти муассир намоянд.
Дар мулоқот донишҷӯён саволҳои сершумори худро ба Гавҳар Шарофзода ироа карданд. Суолоти онҳо, аслан, пиромуни забони реклама, гӯиши лаҳҷавӣ, сифати тарҷумаи филмҳо, камии соатҳои забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ, забони матбуот буданд. Ҳамчунин як нафар донишҷӯи факултаи филологияи тоҷик дар хусуси мавқеи ҳарфи «ӣ» пурсон шуд. Тавре ки ӯ иброз дошт, ин ҳарф дар забони тоҷикӣ ба гурӯҳҳои садонокҳо, ёдбарсарҳо ва ҳамсадоҳо шомил намешавад ва ба қавле бесоҳиб мондааст. Ташреҳи раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар ин мавзӯъ чӣ гуна аст?
Г.Шарофзода ва ҳамроҳонаш гуфтанд, ки: «Ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод».
Дар фарҷоми вохӯрӣ Г.Шарофзода донишҷӯён ва муаллимонро даъват кард, ки бо кумита ҳамкории қавиро ба роҳ монанд ва андешаю мулоҳизоташонро пешниҳод кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






