Лиза Вегнер хариду фурӯши қонунии сангҳои нодирро мехоҳад
Хоруғ, 14.03.2014. (АМИТ Ховар», Файз Мирасан).- Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед намояндагони Ташкилоти ҳамкории рушди Олмон ва Бунёди Рупонӣ, мутааллиқ ба кишвари Покистон Лиза Вегнер ва Моҳнур Мамадҳасановаро ба ҳузур пазируфт. Гуфта шуд, ки ин ду созмон дар ҳошияи барномаи рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи инкишофи соҳаи заргарӣ ва коркарди сангро ба роҳ мондаанд. Чаҳор сол пеш дар шаҳри Хоруғ як корхонаи хурди коркарди сангро ба кор андохта, онро бо дастгоҳҳои муосир ва мутахассисон таъмин намуданд. Ҳадафи аслӣ аз ин лоиҳа пешбурди истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ бо истифодаи сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои ҳудуди Бадахшон ва фурӯши он дар бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар мебошад.Хонум Лиза Вегнер дар ҷараёни мулоқот баён намуд, ки то ба ҳол аз ҷониби Ташкилоти ҳамкории рушди Олмон дар вилоят зиёда аз 80 нафар мутахассиси коркарди санг омода шудааст. Ягона мушкили ин корхона надоштани дастрасӣ ба хариди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо мебошад. Хонум Вегнер аз раиси вилоят хоҳиш кард, ки дар масъалаи хариду фурӯши қонунии сангҳои нодир ба ин корхона кумак расонад.Раиси вилоят ба намояндагони Ташкилоти ҳамкории рушди Олмон ва Бунёди Рупонӣ тавсия намуд, ки бояд аз ҷониби ин ташкилотҳо номгӯи дақиқи сангҳои лозимӣ ва ҳаҷми онро қаблан ба мақомоти маҳалии вилоят пешниҳод кунанд ва онҳо дар навбати худ ин масъаларо барои ҳал ба ҳукумати кишвар ирсол хоҳанд кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






