М. Неъматов: Рӯзи матбуот муборак!
Душанбе, 11.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов тамоми расонаҳои хабарӣ ва ВАО-и кишварро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, аз онҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва инъикоси фаъолияти соҳа ибрози минатдорӣ намуд.Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар барқияи табрикотӣ аз ҳамкориҳои пайвастаи кумита бо расонаҳои хабарии кишвар ёдовар шуда, гуфта шудааст, ки: «Расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла матбуот ҳамчун инъикоскунандаи сиёсат барои танзиму таҳкими равандҳои дар ҷомеа ба амал оянда масъулияти бузург бар дўш гирифта, ба ҳаёти ҷомеа таъсири амиқ гузошта, бо қалами буррои саршор аз муҳаббат ба Ватан ва сухани афкори равшанашон дар масири худшиносиву ҳувиятсозӣ, фарҳангсозию шахсиятсозӣ, созандагию бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдату осоиштагии афроди ҷомеа ва дар маҷмўъ пешрафту шукуфоии Ватан саҳми бориз доштаву доранд». Дар робита ба табрикот Маликшо Неъматов аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик иқтибос овардааст: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавони хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд, зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад». Ёдовар бояд шуд, ки аҳли қалам минбаъд низ баҳри дифову ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва амалӣ кардани ниёзҳову ормонҳои мардуми кишвар гомҳои устувор мениҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






