Маҳсули дастони бонувони «Чакан» дар Ҳинд
Душанбе, 04.03.201. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Маҳсули дастони бонувони чакандӯзи кӯлобӣ дар Фестивал- намоишгоҳи байналмилалии «Сураджкунд Мела», ки дар Ҳиндустон баргузор гардид, ба маъраз гузошта шуд.
Валӣ Зариф -раиси Ассотсиатсияи «Чакан»-и шаҳри Кӯлоб дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар намоишгоҳи ҳанарҳои дастӣ, ки дар масоҳати 100 гектар ва бо иштироки ҳунармандони 100 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, намояндагони Тоҷикистон 10 намуди пироҳанҳои чакан, тоқӣ, сӯзанӣ ва дигар пироҳанҳоеро, ки аз гулбасти тоҷикӣ омода шудаанд, ба намоиш гузоштанд. Тамошобинон, ки аз намоишгоҳ боздид мекарданд, ба пироҳанҳои чакани тоҷикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар бораи чӣ тавр омода намудани он пурсон мешуданд,-афзуд Валӣ Зариф. Мавсуф афзуд, ки ба маърази намоиш гузоштани ҳунари чакандӯзон дар чунин як чорабинии фарҳангии байналмилалӣ, муаррифии ҳунари бонувони чирадасти тоҷик ва тамаддуни миллатамон аст, ки аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки корхонаи «Чакан»-и шаҳри Кӯлоб соли 2005 дар остонаи ҷашни 2700 -солагии Кӯлоби бостонӣ созмон дода шуда, дар асоси фармоиш ба муштариён хизмат мерасонад.Маҳсули дастони бонувони корхонаи «Чакан» дар намоишгоҳҳои байналмилалии ҳунарҳои дастие, ки дар Русия, Чин, Эрон, Туркманистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон доир гардиданд, ба намоиш гузошта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






