Марҳабо Наврӯзи хуррам!
Хуҷанд, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Наврўз сари сол, баробарии шабу рўз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим дар байни мардуми Машриқзамин таҷлил мешавад.
Кормандони факултаи № 4-и Академияи ВКД ҶТ низ ба таҷлили ҷашни Наврўзи дилафрўз омодагии ҷиддӣ дида, атрофро тозаву озода намуда, ниҳолҳои мевадору сояафкан шинонданд. На танҳо саҳну боғот, балки утоқу долонҳо низ бо овезаву деворнигораҳои тоза ороиш ёфта, бо гулҳои хонагии тароватбахш муждаи омадани баҳорро мерасониданд. Зимни пазироии ин иди аҷдодӣ сардори факулта, доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Н. Назаров гуфт, ки:«Ҳадаф аз таҷлили Наврўз аз бар кардани нерўи тоза, қудратмандӣ дар ирода ва шурўъ намудан ба корнамоиҳо, талошҳо ва барномаҳои оянда аст»
Дар байни курсантон озмуни «Фурўғи ориён» бо чанд шарт: ҳунари сухангўӣ, рақси миллӣ, ҳунари сарояндагӣ, мусобиқаи варзишӣ, аз қабили гўштини миллӣ, вазнбардорӣ, дастхобонӣ, қироати ашъори наврўзиву рубоиҳои халқӣ, бадеҳахонӣ, саҳнаҳои ҳаҷвӣ доир шуд ва ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






