Маркази миллии мухобиротӣ хатарҳоро пешгирӣ мекунад

Март 20, 2014 15:00

Душанбе, 20.02 2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт Маркази миллии хизматрасонии васоити мухобироти сохторҳои қудратии назди баталйони алоқаи неруҳои марзбонии кишварро ба истифода дод.
Тавре ки дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд,  маркази мазкур ба маблағи  3,6 миллион доллар бо дастгирии Сафорати ИМА тавассути барномаи Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) “Мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир“сохта шудааст. Маркази номбаршуда аз ҷониби фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул  шудааст. 
Гуфта мешавад, ки сафир Эллиотт дар суханрониаш дар маросими кушодашавии ин марказ иброз дошт, км иқтидори дар марказ андухта имкон медиҳад, ки шабакаҳои алоқаиТоҷикистон дар ҳолати корӣ нигоҳдорӣ шаванд.  Таҷҳизоти мазкур қобилияти Ҳукумати Тоҷикистонро дар масоили вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва мубодилаи маълумот барои муайян ва пешгирӣ намудани хатарҳо дар марзҳо беҳтар хоҳад гардонид. 

Март 20, 2014 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд