Матбуот-оинаи забону фарҳанги миллат

Март 10, 2014 09:47

Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чун анъана ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имсол низ 11 март дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона доир мегардад. 
Мавриди зикр аст, ки дар робита ба нақшу мавқеи матбуот яке аз аввалин рӯзноманигорон ва саромадони матбуоти тоҷик устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». 
Бо назардошти ин рисолати матбуот аҳли қалами тоҷик 11-уми марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои Шариф» чоп карданд ва ин сана минбаъд ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони сершумори воситаҳои ахбори омма бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 бо ишора ба аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар таърихи миллат ва рушди ҷомеа изҳор дошт: — «100 — солагии матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимилӣ низ мебошад».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расонаҳои давлатӣ ва мустақилро «ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти тоҷик» ва дар умури идораи давлатӣ «ёварони давлату ҳукумат» арзёбӣ намуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба мусоидат ба фаъолияти озоду ошкоро ва созандаи матбуоти тоҷик ба сохторҳои масъули давлатӣ як силсила  супоришҳои мушаххас дода буд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру туҳмат (135 ва 136)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд ва ин супориши Президенти кишвар амалӣ гашт, ки он бевосита ба рушди минбаъдаи журналистика мусоидат мекунад. 
P.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тамоми журналистон, аҳли қалам, ноширон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбӣ-Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодӣ  барору комёбӣ таманно менамояд.
 
 
 
 
 

Март 10, 2014 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд