Милитсия: Воқеаи нохуш
Душанбе, 17.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Рӯзи 15 март, тахминан соати 07:40-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Opel- Astra», Саидов Ҳошим Тешаевич, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба тарафи ноҳияи Нуробод дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба ҷарии 80-метр чаппа кардааст.Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳодисаи мазкур мусофири ин мошин Саидова Ҷиёнгул Сабуровна, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Файзобод дар дарёчаи Оби гарм ғарқ шуда, ба ҳалокат расид ва мусофири дигари мошин Сайфиддин Зайниддинов, соли таваллудаш 1950, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид.Ҳамчунин сарчашма хабар медиҳад, ки ронандаи боз як мошини тамғаи «Opel- Astra», Ҳакималӣ Шерматов, соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти роҳи мошингарди Ёвон ба тарафи роҳи мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро чаппа кардааст. Дар натиҷа мусофири мошини мазкур Файзулло Шерматов, соли таваллудаш 1930, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






