Модарам дурдонаи дунё туӣ
Душанбе, 7.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Модарам дурдонаи дунё туӣ»- бо чунин унвон дирӯз маҳфили илмиву адабии донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, бахшида ба Рӯзи модар дар толори хобгоҳи № 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.Муовини ректори донишгоҳ Муъминҷон Шамсиддинов зикр намуд, ки тарбияи мутахассисони баландихтисос яке аз самтҳои муҳими Раёсати донишгоҳ муайян гардидааст. Таъмиру таҷдид ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зист дар хобгоҳҳои донишгоҳ зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад. Иштироки фаъоли донишҷӯдухтарони тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар чорабинии мазкур аз он дарак медиҳад, ки дар ин раванд муҳассилин масъулияти бештар ҳис намуда, дар ҷодаи корҳои таълиму тарбия пешсафиро аз даст надиҳанд.Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба фаъолони маҳфил туҳфа ва ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






