Муҳоҷирони меҳнатӣ : роҳ ба сӯи Русия
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Субъектҳои хоҷагидор дар самти сафарбаркунӣ ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар давоми моҳи феврал дар миқёси вилояти Суғд корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
Аз ҷумла, дар ин давра соҳибкори инфиродӣ Маҳмудов 34 нафарро бо роҳи мусофиркашонии байналмилалӣ ба Федератсияи Русия фиристод. Тавре ки роҳбари гурӯҳ Одил Эралиев иттилоъ дод, ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Ашт буданд. Инчунин дар ин давра СИ «Маҳмудов» таҳти сарварии Озодбек Қуйсинмуродов 39 нафар сокини ноҳияи Мастчоҳро барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафарбар намуд. Ба гуфтаи роҳбаладон барои сафари бехатари муҳоҷирон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Инчунин моҳи феврал Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «Сомонэкспрестранс» сафари 22 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Тюмен ташкил намуд. Аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Абрешим» низ сафарбаркунии 13 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба шаҳри Тюмен ба роҳ монда шуд. Аз рӯи нақша муҳоҷирон 1 сол дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолияти корӣ мебаранд.
Пеш аз гусели муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Раёсат бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрда, оид ба муҳоҷирати бехатар бо онҳо суҳбатҳо намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






