Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония
Душанбе, 20.03.2014 (АМИТ «Ховар»).- 19 марти соли 2014 дар шаҳри Токиои Япония ҳаштумин нишасти аршади кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония баргузор гашт, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ширкат варзид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония лоиҳаҳои мухталифро, ки ба инкишофи соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ намуда, онҳоро ҷиҳати тасдиқ ба ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви муколама пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба таҷлили даҳсолагии Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония муҳокима гардида, тавсияҳои дахлдор дар ин хусус қабул гардиданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






