Мулоқот бо ихтиёрони шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 28.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Қиёмиддин Миралиев-масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон имрӯз сари як мизи мудаввар бо ихтиёриёни шаҳри Ваҳдат мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мизи мудаввар, ки оид ба масоили иҷтимоии ҷавонон ва ташаббусҳои хайрхоҳонаи онон сурат гирифт, бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии “ Сайёр” ва дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир гардид.
Гуфта мешавад, ки дар нишасти мазкур муовини сардори раёсати ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ќиёмиддин Миралиев, директори Маркази СПИД-и шаҳри Ваҳдат Абдурашид Раҷабов, масъули сардори шуъбаи мубориза ба зидди маводи мухаддири ШКД шаҳри Ваҳдат Илҳом Шарипов, сарвари ташкилоти ҷамъиятии “ Сайёр” Гаҳвар Хоҷаева ва сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат Сафарбек Саидов иштирок намуда, оид ба мавзӯи мазкур сухан гуфтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






