Мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон
Мавзӯъҳои муҳимтарини минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг, ҳамчунин дар мулоқоти дуюми чаҳорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баррасӣ шуд.Ин мулоқот бо иштироки сарони ҳарчор давлати мазкур – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Мамнун Ҳусейн ҷараён гирифт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла изҳор дошт, ки “нақши чаҳор кишвар дар ҳамкории минтақавӣ ва умуман ҷаҳони ислом пайгирона боло меравад”.Эмомалӣ Раҳмон “сохтмони шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ, роҳҳои оҳану мошингард”-ро барои чор кишвар “дорои аҳамияти ҳаётӣ ва геоиқтисодӣ” номида, таъкид дошт: “Зарур аст, ки роҳҳои пайванди чаҳор кишвар ҳарчи зудтар ва дар сатҳи имрӯзӣ бунёд ва навсозӣ шаванд, то ки нақши кишварҳои чорроҳӣ ва транзитии мо дар ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ ҷиддан боло равад”.Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки “Форуми ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишварҳои чоргона таъсис дода шавад”.Дар фарҷоми сухан аз сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон даъват карда шуд, ки моҳи сентябри соли равон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф биёранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






