Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири иқтисоди Афғонистон
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Раиси ҷониби афғонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии ду кишвар Абдулҳодӣ Арғандиволро ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Рушди ҳамкорӣ бо Афғонистон аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии кишвари мо мебошад”.Доир ба бахшҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию транзитӣ, амниятӣ ва фарҳангии ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонӣ ва Конфронси шашуми RECCA дар Афғонистон ба таҳкими фазои сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар мусоидат хоҳанд кард.Доир ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои кашидани хатти барқии CASA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, афзун намудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои пурманфиат табодули назар карда шуд.Ба мувофиқа расондани лоиҳаи Созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон дар бораи тиҷорати транзитӣ зарур шумурда шуд.Дурнамои ҳамкории маърифатию фарҳангӣ умедворкунанда номида шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 234 донишҷӯй аз Афғонистон таҳсили илм доранд ва беш аз 200 нафар табибон аз Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар хизмат мерасонанд.Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба ҳамкории ду кишвар барои таъмини амну субот дар минтақа ва хусусан дар марзи муштараки давлатӣ зоҳир гардид.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






