Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо узви Раёсати ширкати Сименс ва Директори Агентии энергетикии Олмон
Душанбе, 9.03.2014. (АМИТ «Ховар»).Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Раёсати ширкати Сименс Михаэл Зюс ва Директори Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика ва истифода аз технологияҳои навтарини соҳа баррасӣ шуд.Гуфтугӯйи судманд доир ба имконоти иштироки Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва ширкатҳои бонуфузи он дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмону навсозии нерӯгоҳҳои барқӣ, истифода аз манбаъҳои алтернативии истеҳсоли нерӯи барқ ва бунёди шабакаҳои таҳвил ва интиқоли барқ сурат гирифт.Ширкати Сименс, ба гуфти узви Раёсати он Михаэл Зюс, омода аст, ки дар навсозии техникию технологии нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои барқии он иштироки фаъол дошта бошад”. Тавре таъкид гардид, “ширкати Сименс тасмим дорад, ки дар Тоҷикистон намояндагии доимии худро таъсис диҳад”.Штефан Колер, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба иштирок дар татбиқи имконоти фарохи энергетикии Тоҷикистон ҳавасмандии устувор дорад ва барои ин аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард”.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Федеролии Олмонро аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо номида, изҳори боварӣ намуд, ки рушди ҳамкорӣ бо он, хусусан дар соҳаи энергетика ва ҷалби технологияи муосир, пурсамар хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






