Мулоқоти С. Аслов бо У Хунбо ва Ҷ. Фелтман
Душанбе, 11.03.2014 (АМИТ «Ховар»).- 10 марти 2014 дар ҳошияи иштирок дар чорабинии махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати арзёбии натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва амалҳои минбаъда вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли СММ дар масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Хунбо мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ бобати рушди устувор ва расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин 10 март мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Ҷеффри Фелтман барпо гашт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими амну субот дар минтақа, вазъи Афғонистон пас аз хурӯҷи Нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии қочоқи маводи нашъаовар, мубориза алайҳи терроризм, инчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ намуданд. Худи ҳамон рӯз, дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири корҳои хориҷӣ маросими кушодашавии сомонаи нави намояндагӣ баргузор гашт. Нишонии торнамои нав чунин аст: www.tajikistan-un.org








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






