Муомилоти ғайриқонунии нашъа дар Душанбе
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз ҷониби кормандони милитсия ду далели муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардид. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини шаҳри Кӯлоб Фозилҷон Носиров, соли таваллудаш 1989-ро дастгир намуданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 910 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бо 884 грамм маводи нашъадори ҳашиш шаҳрванд Абдуҳаким Бобоев, соли таваллудаш 1989, сокини пойтахт дастгир шуд. Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






