Мушкилот ва пешрафти матбуоти Хатлон
Хатлон, 11.03.2014(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова).- Матбуоти даврӣ дар ҳама давру замон барои пешрафту ҳалли мушкилот нақши созанда гузоштааст ва мегузорад. Рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» тӯли 83 сол аст фаъолият дорад. Он соли 1931 бо номи «Зарбдори сохтмони Вахш» бо мақсади азхудкунии заминҳои водии Вахш таъсис ёфта буд. Тавре ки сармуҳаррири рӯзнома Усмон Тӯйчиев иброз дошт, дар ин муддат рӯзнома чанд маротиба ивази ном карда ва ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар баробари пешравиҳо имрӯз матбуотчиёни хатлонӣ бо мушкилиҳо низ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин чопи босифати рӯзнома аст, ки то қадре ҳалли худро ёфтааст. Мушкилоти дигар набудани матбааи замонавӣ дар вилоят мебошад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, рӯзномаҳо сари вақт дастраси хонанда мешаванд. Имрӯз бахшида ба Рӯзи матбуот дар бинои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки 70 нафар рӯзноманигор маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Аз номи раиси вилоят муовини он Ситора Шерова рӯзноманигоронро бо ин рӯзи таърихӣ табрик гуфта, нақши матбуоти тоҷикро баланд арзёбӣ намуд. Дар ҷамъомад ба 5 нафар унвони Аълочии матбуоти ҶТ, ба 4 нафар Ифтихорнома супорида шуд ва 5 нафар узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистон гардиданд. Дар ин бора мудири шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Амиршо Раҳимов иттилоъ дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






