Мусобиқаи футбол миёни духтарон
Душанбе, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд мусобиқаи футбол байни духтарон баргузор шуд.Дар мусобиқаи мазкур дастаи варзишгарон аз Коллеҷи технологӣ, дастаи Коллеҷи омўзгорӣ, мактаби варзишии бачагону наврасон, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 ва футболбозони Литсейи дўзандагӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.Дар даври ниҳоӣ ду дастаи беҳтарин- дастаи Коллеҷи омўзгорӣ ва мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳр байни ҳам қувваозмоӣ намуданд ва ҷойи аввал насиби духтарони Коллеҷи омўзгорӣ гардид.Ба иттилои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр иштирокдорони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳову ифтихорномаҳоро сазовор шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






