Мусодираи беш аз 15 кило маводи нашъадор
Душанбе, 24.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ шаҳрвандон: Шеравган Шарифов, сокини ноҳияи Восеъ, Рустам Назриев, сокини шаҳри Душанбе ва Бахтиёр Қурбонов, сокини ноҳияи Фархорро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар вақти кофтуков аз сумкаи варзишии шаҳрванд Шарифов Шеравган 13 килою 764 грамм маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ҳамчунин зимни як амалиёти дигар дар ҳудуди шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми азназаргузаронии мошини шахсии сокини шаҳри Кӯлоб, Ҳаётов Саидкарим, тамғаи «Опел-Астра», 1 килою 377 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш мусодира шуд.Дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирашуда 15 килою 141 граммро ташкил медиҳанд. Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






