Мусодираи маводи нашъаовар дар рӯзҳои Наврӯз
Душанбе, 26.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -25 март кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд, ки аз ӯ як адад брикети чоркунҷаи рангаш ҷигарӣ бо бӯи махсус мусодира карда шуд.Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъадори “ҳашиш” мебошад.Чи тавре, ки тафтиши пешакӣ нишон дод, боздоштшуда аллакай ду маротиба барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






