Мутахассисони Истиқлол бо манзили зист таъмин мегарданд
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Зимни мулоқоти раиси шаҳри Истиқлол Матлуба Сатторова бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров зикр гардид, ки шаҳри Истиқлол дар баробари кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин ба мутахассисони соҳоти мухталиф, аз ҷумла тиб, сохтмон, иқтисодиёт, фарҳанг, саноат, ҳифзи табиат ниёз дорад. Матлуба Сатторова инчунин иброз намуд, ки соли ҷорӣ дар маркази шаҳри Истиқлол барои омӯзгорон шаҳраки алоҳида бунёд мегардад. Мутахассисони ҷавон метавонанд баъди хатми донишгоҳҳои кишвар омада, бидуни навбат соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гарданд ва аз дигар имтиёзоти муқаррарнамуда бархурдор шаванд. Феълан аз шаҳри Истиқлол дар донишгоҳҳои мухталифи маркази вилояти Суғд 135 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.
Дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳи мазкур хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






