Мюллер: «Тоҷикистон шарики муҳими САҲА аст»
Душанбе, 07.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ барои тақвияти ҷойгоҳи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви САҲА ва баланд гардидани нуфузи кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 7 март дар ҷараёни мулоқоташ бо Маркус Мюллер-сафири нави САҲА дар Тоҷикистон иброз дошт. Ш. Зуҳуров гуфт, ки тақвияти равобити Тоҷикистон бо ниҳодҳои САҲА яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мавсуф таъкид кард, ки кишвари мо дар оянда бобати тақвияти равобити ҳасана бо ин созмони бонуфуз талош хоҳад кард. Иштироки роҳбарияти олӣ ва ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҳамоиш ва дигар чорабиниҳои муҳими ин созмон ҷиҳати густариши равобити судманди Тоҷикистону САҲА дар бахшҳои мухталиф муосидат менамояд. Маркус Мюллер -сафири нави САҲА Тоҷикистонро ҳамчун шарики асосӣ ва хеле муҳими САҲА арзёбӣ кард. М. Мюллер афзуд, ки ифтитоҳи калонтарин дафтари намояндагии ин созмон дар Душанбе аз он шаҳодат медиҳад, ки САҲА Тоҷикистонро ҳамчун кишвари муҳим дар ҳалли қазияҳои ҷаҳонӣ, хусусан авзои Афғонистон барои худ медонад ва алоқаманди густариши ҳамкорӣ бо ин кишвар дар заминаҳои мухталиф аст. Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, гуманитарӣ, тақвияти мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






