Нашъаҷаллоб бори дигар суд мешавад

Март 11, 2014 13:32

Душанбе, 11. 03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Даврон Нуралиев, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанберо бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд.Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД номбурда пеш бо ҷурми нашъаҷаллобӣ суд шудааст. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 878 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Март 11, 2014 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш